ГАРДИШИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ҷавонон”– и ноҳияи Темурмалик бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Мустафоқулов Бахтиёр вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулини ҳизбӣ дар рафти вохӯрӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин, оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.