Усули Хона ба Хона

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маводи ғизои барои ду соли оянда шаҳрванд Абдулҳақов Назаралӣ Аҳмадович истиқоматкунандаи деҳаи Қарақамиш, ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод, дар ҳавлиаш якчанд намуди машғулиятро ба худ пеша кардааст, ки ин асалпарварӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ, обчакорӣ ва ниҳолпарвариро дар бар мегирад. Зимни боздид аз ҳавлии сокини деҳаи Қарақамиш Абдулҳақов Назаралӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод Сафаров Сулҳиддин мушоҳида шуд, ки дар як қисми замини наздиҳавлигиаш Занбури асал парвариш намуда дар қисмати дигари ҳавлиаш обчакорӣ ва ниҳолпарварӣ менамояд. Номбурда ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки аз ҳисоби обчакориҳои кардааш барои хӯроки чорво низ захираҳо меғундорад. Ҳамзамон дар хоҷагиаш ба нигоҳубини 20 сар чорвои калон низ машғул аст. Натиҷаи меҳнаташ бо аҳли хонаводаро дар беҳдошти шароити зиндагиаш медонад.