Сохтмони МТМУ №5 дар ҷамоати деҳоти Саидмумин Раҳимов

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” раиси ташкилоти ибтидоии “Давад” –и Ҷамоати деҳоти Саидмумин Раҳимов Ҳайдаров Маҳмадаюб ва раиси Ассосиатсияи волидайни муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 – и деҳаи Давад Абдуаҳатов Холмурод иқдом гирифтанд, ки бо дастгирии мардуми маҳал се синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода диҳанд.