АКСИЯИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ “ОБОДКОРИ МАРОМИ МОСТ” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАҲАЛЛАИ №3”

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҳар рӯзи панҷшанбе дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Темурмалик, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони “ҲХДТ – ҳизби  созанда ва бунёдкор” бахшида ба 30 – солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ  дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.Имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Маҳаллаи №3” – и ноҳия тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темсурмалик, бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин. аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи беморхона Аксияи ҳизбии “Ободкори мароми мост” яъне тоза намудани гирду атрофи Маҳаллаи №3 – и нощия баргузор гардид.  Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони ташкилоти номбурдаро нарм карда ва алафҳои бегонароҳа тоза нумудаанд. Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.