ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ.

Темурмалик: Созандагони ватан  

Имрӯз чун дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик низ “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик , наваскарон ва волидайни онҳо, роҳбарони ташкилоту муасиссаҳо ва дастаи ҳунарии қасри фарҳанги ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид Як гурӯҳ ҷавонони фаъол ва ватандӯст, ки аз субҳи барвақт дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардида буданд ба маркази базмгоҳ дар майдони қаҳрамонони ноҳия раҳсипор гардиданд.Раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик , раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва меҳнатӣ ноҳия ва чанде дигарон ба ҳамаи навдаъватшудагон ва падару модари онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамчунин ба Ятимзода Эҳсони Ориф аъзои "ТҶҶ Созандагони Ватан" ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб гардида буд бо шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии ҲХДТ  супорида шуд.