ШАҲРАМОНРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ.

Темурмалик: Созандагони ватан  

Мардуми соҳибтамаддуну соҳибхиради тоҷик аз азал чун мардуми меҳнаткашу меҳнатдӯст шинохта шудааст, ки имрӯз ҳам он рисолати азалии хешро зери партави сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаанд.Имрӯз бо иштироки ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳизби аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сарҷамъона ба ҳашар баромада, маҳз заҳмати шабонарӯзии ҳар як фард аз хӯрд то бузурги миллати сарбаланди тоҷик аст, ки бо роҳнамоиҳои ободкоронаву созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи сулҳ субот, амнияту оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ расидаанд, ки ҳамин аст подоши ҳама заҳмату меҳнатҳои софдилонаву садоқатмандона.Пас бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо ганҷи осоиштагиву дӯстӣ, ваҳдату истиқлол, дӯстиву рафоқат, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, ҷовидонагиву сарбаландӣ, иттиҳоду иттифоқро аз ғамхориҳову ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат дарёфтаем ва бо ин ганҷинаи беназири давлатдории хеш меболему дар фазои сулҳу суботаш роҳат зиндагӣ менамоем. Бигузор фазои Тоҷикистони гулбасару гулбадомон ҳамеша базму сур бошад. Мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсташ осудаву ором зери ливои созандаву бунёдкор иттиҳоду иттифоқ ва баҳри пешрафти миллати куҳанбунёди тоҷик зери ҳидоятҳои Сарвари Олии мамлакат хизматҳои шоиставу шоён кунанд.