ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Темурмалик: Созандагони ватан  

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад….Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни ниёгон дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Танобчии поён” бо иштироки аъзоёни маҳфили ҳунарии ташкилоти мазкур чорабинии фарҳанги бо намоиши дастовардҳои ташкилот, ҳунарҳои миллӣ, дастранҷи хонандагону омӯзгорон дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.