ЧИЗЕ БА ҶАҲОН БЕҲЗИ ҶАВОНМАРДӢ НЕСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо ба анҷом расонидани амали хайру савоб барои мардуми тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст.

          Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии кишвар рӯзҳои истироҳатӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, оилаҳо нафарони алоҳида амалҳои хайре ба анҷом расонида мешаванд.

           Дар арафаи таҷлили Наврӯзи Байналмилалӣ аз ҷониби оилаи Салимзодаҳо (шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Кангурт) дар қад- қади роҳи автомобилгарби Кангурт – Чавроқ – Савда 60 бех ниҳоли ороишии арча ва 140 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.

           Ҳар як ниҳоли шинонидашуда дар баробари амали хайр будан ҳамзамон саҳмгузорӣ дар рушди маънавии ҷомеъа аст.

Ин иқдоми онҳо ҳар ҳафта дар ҷойҳо амалӣ мегардад.