МО ЗИДДИ РАФТАНИ МАРДУМАМОН БАРОИ АДОИ ҲАҶ НЕСТЕМ

Темурмалик: Андеша  

Бахт бароям имкон дод то ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки рӯзи 9.03.2024 дар кохи Ваҳдат баргузор гардид иштирок намоям. Рӯзи 8.03.2024 баъд аз нисфирӯзӣ ба роҳ баромадам. Аз руи таҷриба ҳаракат ба харҷ додам  то ба мусофирбаре шинам, ки таҷрибадор бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ронанда тахминан 60 сол дошт роҳравон суҳбат мекардем. Дар раванди суҳбат маълум кард, ки ба наздикӣ аз ҳаҷи Умра гаштааст.

     - Шумо ба кадом маҷлисе меравед? Пурсид, аз ман.

     - Бале ба мулоқоти Президенти кишвар, ки пагоҳ баргузор мегардад.

    - Ман ба маблағи 15000 сомонӣ ҳаҷ кардам, вале душвортараш баъдан будааст. Кай ба мардум мегуфта бошанд, ки ҳоҷизиёратро бас кунанд?

    - Охир дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 12 банди 2 омадааст: ташкил ва баргузории маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. Ба дидани ҳоҷиҳо рафтан ва аҳволпурсӣ кардани онҳоро қонун манъ накардааст, вале ин маросим бояд бе додани таом сурат гирад.

     - Баъд аз бозгашт 35000 сомонӣ сарфа шуд ва ҳануз рафтуомади мардум идома дорад. Мақсади гуфтаҳо дар он аст, ки худи ҳоҷиён низ аст ин амали мардум норизоанд Сабаби қабули Қонун низ ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани сунатҳои халқи тоҷик ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо иштироки бевоситаи мардум таҳия гардида, аз ҷониби Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

         Ҷанбаи маънавии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ доштан, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо мусоидат менамояд.

          Чунон ки вобаста ба ин Пешвои Миллат дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таҳкид намуданд.

          Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем.

           Мо бояд як нуқтаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сарулибос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд. 

           Тибқи муқарароти шарияти ислом, писарон ва бахусус духтарон, баъди расидан ба синни 9-10- солагӣ бояд утоқи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд.

           Баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд, яъне раҳм ба ҳоли зану фарзанди худ намекунанд. Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад.

           Мақсад аз мулоқоти Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеъа ва ходимони дин боз ҳам зиндагии осоиштаву мулки тинҷу ором доштани мардуми сарбаланди миллатамон ва бори дигар огоҳ намудани риояи Конунҳои амалкунанда ва зиёдаравӣ накардани мардум.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

Раҷабзода Маҳмадсаид.