ВАЗИФАИ МУҚАДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД

Темурмалик: Андеша  

 Мо имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва афсарону сарбозони шуҷоъу далери он аз иҷрои рисолати таърихии худ дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ мебароянд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ-ташкили нерӯи ҳарбие буда, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошанд ва якпорчагиву тамомияти арзии онро ҳифз карда тавонад. Метавон гуфт, ки имрӯз дарки масъулият ва ҳисси ватвнпарастии ҷавонони мо хеле боло рафтааст. Ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтани ҷавонон аз ин шаҳодат медиҳад. Шумораи ҷавонон, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераванд, сол аз сол афзуда истодааст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси Олӣ оиди вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзуда истифодаи терроризму экстремизм ба кишварҳо сухан ронда, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд медонад. Ин моро водор месозад, ки баҳри мустаҳкам намудани иқтидор ва қобилияти мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат боз ҳам меҳнати пурсамар намоем ва дар ин самт ҳарчи бештару хубтар саҳми худро гузорем.Гуфтан лозим аст, ки хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷо овардани хизмати Падару Модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодии худ ва тамомияти арзии онро дорад.

муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.