АКСИЯИ ҲИЗБИ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Темурмалик: Созандагони ватан  

Бо ташаббуси кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки ТҶҶ “Созандагони Ватан” санаи 23 – юми феврали соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан содиқем” бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.               

            Дар Аксияи мазкур волонтиёрон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинони Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик варақаҳои табрикотӣ тақсим намуда сокинони ноҳияро бо ин рӯзи бошукуҳи таърихи табрик гуфтанд.