“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №30

Темурмалик: Созандагони ватан  

Дарси соати сиёсӣ, ки мавзуи он “Хизмат ба Ватан – қарзи ҳар як ҷавонмард аст” санаи 24 уми феврали соли 2024 дар муассисаи таъсилоти миёнаи умумии №30-и Ҷамоати деҳоти Кангурт бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, директори муассиса Валиева Дилафрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

            Ҳамин аст, ки ин аз як ҷиҳат истифода ва самаранок бурдани вақт бошад, аз паҳлуи дигар омода шудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” “Тоҷикон дар оинаи таърих” “Илм фурӯғи маърифат” мебошад.