АМАЛЁТИ МУШТАРАКИ ҲИЗБИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №1-и НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Темурмалик: Созандагони ватан  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр миёни хонандагони синфҳои 10-11 дар МТМУ №1-и ноҳияи Темурмалик “Соати сиёсӣ” доир намуд.

               Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин доир гардид: Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

               Дар Амалиёти “Соати сиёсӣ” муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин. ва омӯзгорони МТМУ-и №1 иштирок доштанд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.