ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо аз боридани барф дар шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон, дарахтону роҳравҳо пур аз барф гардидаанд.Кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, ҷиҳати тозаву озода намудани гирду атрофи бинои худ ва озод намудани дарахтон аз барфҳо иқдом гирифтаанд, ки ин амали некро анҷом диҳанд.Иқдоми мазкур бо мақсади осеб наёфтани дарахтон аз бориши зиёди барф, аз ҷумла аз пурборӣ нашикаста шохаҳои ниҳолҳои нав шинонидашуда, роҳандозӣ намуданд.