ЭКСТРЕМИЗМ: РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БО ОН

Темурмалик: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз яке аз аъзоёни комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, низ аз хавфу хатари ифротгароӣ эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳо дар самти иродаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Ин нишонаи он аст, ки мардуми мо падидаи ифротгароиро қабул надорад. Аз ин рӯ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар асоси муқараротҳои Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” тамоми чораҳоро баҳри ҳимояи мардум аз ифротгароӣ меандешанд. Натиҷаи чунин тадбирҳо аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, падидаҳои ифротгароӣ дар мамлакати мо хеле кам ба чашм мерасад. Вале аз ин набояд хотирҷамъ шуд ва мунтазам бо ҳама роҳҳои имконпазир бо ифротгароӣ муқовимат бояд кард. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд, саводи кофии дунявӣ ва сиёсӣ надоранд. Аз ин рӯ омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки мунтазам ба баланд гаштани маърифати сиёсии хонандагон диққати лозима диҳанд. Воситаи ҷалби дигари одамон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифода аз дин мебошад. Роҳбарони гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ дин ва эътиқодҳои динии одамонро дар зери ниқоби ҳимоя аз дину мазҳаб истифода намуда, ба содир намудани амалҳои ифротӣ водор месозанд. Дар Тоҷикистон аксари мардуми мо пайрави мазҳаби таҳамулгарои Ҳанафӣ буда, ин мазҳаб амалҳои ифротиро қабул надорад. Аз ин рӯ ходимони дин низ метавонанд бо такя ба арзишҳои таҳамулгароёнаи ин мазҳаб дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар кори муқовимат бо ифротгароӣ саҳми худро гузоранд. Хизматчиёни давлатӣ, бахусус кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ бо ҷалби шахсиятҳои соҳибэҳтиром, ходимони дин, омӯзгорон мунтазам дар байни аҳолӣ суҳбату воҳуриҳо оиди пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ташкил ва гузаронанд.

МИРЗОШО МАҲМАДШОЗОДА – раиси ТИ Ҳизбии “Оби Ширин”