ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ МАРДОНАГИСТ

Темурмалик: Андеша  

Хизмар ба Ватан вазифаи эмониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди асил мебошад. Ҷавонони бонангу номуси кишвар хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба ватан барои онҳо қарзи фарзандӣ ва нишони мардонагист. Маҳз дар давоми адои хизмати ҳарбӣ даъватшудагон аз мактаби мардонагию далерӣ ва шуҷоатмандӣ бархурдор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аксарӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.”Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллӣ ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд менамоянд.

муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.