ШАНБЕГӢ ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ҳадафи тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал ва дуруст истифода бурдани як ваҷаб замин, ташаккули ҳаёти солим бо ҳифзи фазои табиат кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик сарҷамъона ба шанбегии навбатӣ баромаданд.Дар рафти шанбегии мазкур, доираи васеъи кормандон гирду атрофи бинои Кумитаро, саҳни роҳравҳо, ҷӯйборҳо, зери гулу буттаву дарахтонро аз партову баргҳои хазон тозаву озода ва заминҳои назди биноро нарму мулоим карда истодаанд.