ДИН БАРОИ СОҲИБКАСБ ШУДАНИ ДУХТАРОН МУХОЛИФАТ НАМЕКУНАД!

Темурмалик: Андеша  

Равоншиносон мегуянд як сабабии ба таҳсили духтарон монеъ гаштани волидон ин тарсу ҳароси ботинии онҳо ҳам буд. Падару модар аз он тарс доштанд, ки духтарашон аз назорат дур монда, ягон кори бадахлоқона мекунад ва дар байни мардум шармандаашон месозад.Гуфта мешуд баъзеҳо арзишҳои исломиро дар ҳалқаҳои бениҳоят маҳдуд, ақибмонда ва танг қабул мекарданд. Дар натиҷа як қатор ҷавондухтарони минтақаҳои дурдасти кишвар бо сабабҳои объективию субъективӣ имконияти идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои олиро аз даст доданд, ки ин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ таъсири манфӣ расонд.Ба назари таҳлилгарон рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёри ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон имкон дод то масъалаи аз таҳсил дур мондани духтарон марҳила ба марҳила ҳалли худро ёбад. Аммо ин маъноеро надорад, ки мушкил ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо кардааст. Ҳоло ҳам мутаасифона ҳолатҳое ба назар мерасад, ки бархе падару модарон барои дохил шудани духтаронашон ба мактабҳои олӣ чандон ҳавасманд нестанд. Онҳое ҳам кам нестнд, ки инро ба дин рабт доданӣ мешаванд ва мегуянд, ки гӯё маҳз ислом ба хондани занону духтарон иҷозат намедиҳад.Диншинос Саидаҳмади Қаландар зимни суҳбат бо мо гуфт, ки илм ва омӯхтани он дар се китоби муқаддаси се дини яккахудоӣ, яъне Таврот, Инҷил ва Қуръон ҳамчун неъмати худшиносӣ, худошиносӣ ва муҳитшиносӣ барои бандагони Худо зикр шуда, дар онҳо амри омӯзиши он аз тарафи Худованд дар шакли умум ҳам барои мардон ва ҳам барои занон омадааст.

Давлатов Шералӣ - Аъзои Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон