ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Темурмалик: Андеша  

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мақсади танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

        Қонуни мазкур зимни баррасӣ дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 2 – юми ноябри соли 2022 қабул гардид, ки дар баррасии он вакилон ширкат доштанд.

        Аз ҷумла зикр гардид, ки ватандӯстӣ принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслии меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва миллат мебошад. Омода будани ҷавонон (инсонҳо) ба он, яъне боло гузоштани манфиатҳои Ватан аз манфиатҳои шахсӣ аст.

        Бояд гуфт, ки Қонуни мазкур барои тарбияи натанҳо ҷавонону наврасон, балки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансубияти қавмию нажодӣ ва динӣ равона гардидааст.

        Дар Қонуни мазкур дарҷ гардида аст, ки дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ ва масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.

         Қабули қонун тақозои замона буда, он дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муоссир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунад, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таасуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, саривақтӣ мебошад.

         Раванди миллатсозӣ ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар кишвар ба воқеияти бебаҳо табдил ёфта, умедворем, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар боло бурдани сатҳи ватандӯстии шаҳрвандон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

         Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бо «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистони барои солҳои 2023-2027»  алоқаманд ва дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз тадбирҳои саривақтиву судманд ва бархӯрди ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд.

         Ба ақидаи яке аз донишмандони Юнони Қадим Арасту агар шаҳрвандон тартибу низоми давлатдориро наомӯзанд, дар руҳияи ҷунин давлатдорӣ тарбия наёбанд, беҳтарин қонунҳое, ки ҳама қабул менамояд, ягон фоидае намебахшад.

         Дар иҷрои Қонуни мазкур кӯр-кӯрона амал намудан натиҷае намедиҳад. Миллати шарафманди тоҷик дар тӯли таърих ба бисёр асолатҳо гирифтор шудааст. Барои таъсири асолати мо аҷнабиён борҳо талош кардаанд, аммо муваффақ нашудаанд. Чаро?

         Зеро мо дар муқобили муғулу арабу дигарҳо ҳама зулму ситамро таҳамул кардем, вале бо ҷонбозиҳо ҳам бошад, то ҷое ҳуввияти миллии худро нигоҳ доштем.

          Хулоса, мақсади Қонуни зикргардида дар он аст ки айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандӣ мебошад.

Миралӣ Раҷабов – собиқадори соҳаи маориф