МАЪЛУМОТГИРИИ ДУХТАРОН ШАРТИ МУҲИМ!

Темурмалик: Андеша  

“Ман ҳеҷ вақт дар интихоби таҳсили фарзандон монеагӣ накардам. Баракс, то тавонистам онҳоро руҳбаланд кардам”.-гуфт зимни сӯҳбат бо мо мулло Шамсиддин ва илова кард, ки –“Соҳибкасб шудани зан дар зиндагӣ аз ҳама ҷиҳат хуб аст. Аввалан зан дар рушди фарзандони болаёқат саҳм мегузорад. Барои ҳамин мегӯянд, ки агар зан олим шуд, ҷомеа олим мешавад. Дуюм аз нигоҳи иқтисодӣ ба оилаи худ кӯмак мерасонад, ки дар замони мо омили бисёр муҳим аст. Дар шариат ҳеҷ далеле нест, ки занро аз таҳсили илм маҳрум созад. Барои ҳамин дар давлатҳое, ки мардумаш бештар мусулмон ҳастанд, бонувон монанди мардҳо дар ҳамаи риштаҳои илмӣ ба таҳсил машғуланд. Аз ин ҳолат уламои ин сарзаминҳо на танҳо эътироз намекунанд, балки духтарони худро ташвиқ ба илм омӯхтан менамоянд. Зеро занонро имрӯз лозим аст, ки ҳарчи бештар хонанд ва дар соҳаҳои гуногун, хусусан дар бахши маориф, тиб ва ғайра кору фаъолият кунанд, чунки масалан бархе бемориҳои занонаро занони духтур бояд табобат кунанд, на мардони духтур. Зеро оиладорӣ ва муносибати зану шавҳар бисёр нозук аст. Ин рашку ғазабро ба миён меорад ва боиси вайрон шудани оилаҳои солим гашта метавонад”.

Давлатов Шералӣ - Аъзои Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон