ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БО НОМИ “ИСТЕЪДОД”

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18 – уми декабри соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, ва раиси ташкилоти нави ибтидоии Ҳизбии “Истеъдод” Сатторзода Мавлуда вохурии судманд  баргузор карда шуд.Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст. Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, оид ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои андешаронӣ намуданд.

          Бо таклифи онҳо ташкилоти нави ибтидоӣ бо номи “Истеъдод” таъсис дода шуд. Сатторзода Мавлуда ба раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Истеъдод” интихоб гардид.