ПАРЧАМ РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

           Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

           Ба муносибати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 23-юми ноябри соли равон дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзоёни фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ Ҳизбӣ, ноҳия ва шаҳрвандони ноҳия дар фазои сулҳу суботи кишвари азизамон ба хотири гиромидошт ва арҷгузори ба Парчами Давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон “Роҳпаймоии осоишта” доир гардид.