АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, Раҷабзода Маҳмадсаид ҷиҳати ба сафи ҳизб қабул намудан, дар ташкилоти ибтидоии хизбии “Дустӣ” ба якчанд кормандони, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, ки ба сафи хизб аъзо шуданд шаходатномаҳои ҳизбияшонро дар вазъияти тантанавӣ такдим намуданд.