ВОХУРИИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА «ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ»

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, бахшида ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Президент кафили сулҳу ваҳдат” ва “Иҷлосияи тақдирсоз” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дустӣ” Насимзода Ҳотам ва як қатор аъзоёни Ҳизб баргузор карда шуд.

    Зимни суҳбат доир ба корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, таъмин намудани сохти конститутстонии мамлакат, хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани пояҳои сиёсию иқтисодии кишвар, баргардонидани ҳамаи ҳамватанони гуреза аз хориҷи Ватан ва аз як кишвари ҷангзада табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати пешрафта ибрози андеша карда шуд.

    Дар ин вохури раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дустӣ” Насимзода Ҳотам низ баромад намуда, фикру андешаҳои худро оиди саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии ватанамон Тоҷикистони азиз иброз доштанд.