РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК МУБОРАК

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Темурмалик ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

             Дар ҷамъомади идона кормандони милитсия раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, суханронӣ намуданд. Нахуст раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки мақомоти милитсия яке аз сохтори бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти милитсия дар лаҳзаҳои сангини таърихии кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Қайд гардид, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

             Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Имрӯз милитсияи тоҷик дар давоми мавҷудияти худ, аз ҷумла дар муборизаҳои шадид баҳри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гурӯҳҳои терористию экстеримистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрати боэътимод ва кафили осоиштаи давлату миллат табдил ёфтааст.

             Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд. То имрӯз садҳо нафар кормандони фаъоли милитсия бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар ҳавасмандиҳои хизматӣ сарфароз гардидаанд.

             Сипас дар охир ба як қатор кормандони милитсия, кормандони мақомотҳои қудратӣ ва собиқадорони ҳифзи ҳуқуқ Сипоснома, Ифтихорнома, инчунин як миқдор туҳфаҳои пулӣ низ тақдим карда шуд.