БЕ МУАЛЛИМ ҲЕҶ НОДОР ПЕШИ ХУД ДОРО НАШУД ХИШТИ ИН ДОРОИРО ДАР СИНФ МУАЛЛИМ МОНДА БУД.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қадрдонии Омӯзгорони собиқадор аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид.

Муаллим омӯзгор чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калонеро мебозад. Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои муаллим намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонанду дунё тираву тор мегардид.

         Чуноне, ки бузурге гуфтааст:

Расад ҷон бар лаби бечора устод.

Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.