БАХШИДА БА 32 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид барои меҳнати садоқатмандонаю фидокорона ба нафъи ҷомеа, саҳми босазо гузоштан дар пешбурди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.