1-УМИ СЕНТЯБР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ МАҲАЛЛАИ №10-и ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БАҲМАНРӮДИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1-уми сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи Дониш, дарси Сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ботантана таҷлил карда мешавад. Имсол низ ин санаи фархундаву ҳуҷаста басо хотирмон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Зеро, устодону шогирдони макотиби миёнаву олӣ ба он омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

              Ба ҳамин хотир санаи 1-уми сентябр дар баробари дигар мактабҳои диёр дар маҳаллаи №10-и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ноҳия Темурмалик бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва итиллооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби Файзалиев Нусратулло ва омузгорони ташкилоти номбурда баргузор гардид.

              Зимни баромад аз қадру манзаллати омӯзгор, даргоҳи муқаддас, хазинаи илму маърифат, дунёи дигари омӯзиши зебогии ҳаёт, табассумҳои гарми устодону шодиву хурсандии падару модарон суханронӣ намуд.

              Тавре маълум аст, таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба арафаи таҷлили яке аз санаҳои муқаддаси таърихи давлатдориамон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва ба ин муносибат мудири шуъбаи таблиғот ва итиллооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди ноҳияи Темурмаликро ба Рӯзи Дониш, самимона табрик менамояд. Бигзор ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.