РӮЗИ ДОНИШ ДАР МУАССИСАИ МИЁНАИ №2-и ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БАҲМАНРӮДИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш намояндагони сохторҳои давлатӣ аз наздик волидону хонандагонро ба муносибати ин сана табрик намуданд.

               Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия Темурмалик бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин. омӯзгорогону волидони хонандагон Рӯзи дониш таҷлил карда шуд. Нахуст баромади Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дастаҷамъона тамошо карда шуда, сипас намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия аҳли ҷамъомадро ба ин рӯзи хониш табрик намуданд.

               Сипас роҳбари муассисаи таълимӣ зимни баромади худ вобаста ба таҷлили Рӯзи дониш суханронӣ намуда, илова намуд, ки волидон ва хонандагон дар мавриди иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро масъул шуморида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он ҷораҷӯи намоянд.