ВАРЗИШИ ГАРАВИ САЛОМАТӢ ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ин унвон Ваҳдати миллӣ-арзиши олие барои ҷавонон, дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 22 июни соли 2023 бо ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори МТМУ №1-и  ноҳияи Темурмалик мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмот гузаронида шуд.

          Қабл аз оғози мусобиқа муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин ва раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонов Ҷаъфар ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, нақши бузурги Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории сулҳу субот дар кишар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо, тарзи дурусти ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ибрози андеша намуданд.

         Дар мусобиқа аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия фаъолона ширкат намуда ғолибони мусобиқа бо Сипосномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.