78-СОЛАГИИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҷлили ҷашни 78-солагии Ғалаба бар фашизм бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва аз ҳисоби соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ташкил карда шуд, ки дар қисми фарҳангии чорабинӣ мардум сарҷамъмона омада, ин Иди Зафарро бо нишоту сурур ҷашн гирифтанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва Роҳбари оқилу хирадманд, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҷавононро ба он даъват намуданд, ки дар ҳимояи Ватани азизамон - Тоҷикистон доимо омода ва саҳмгузор бошанд.