ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Иди саиди Фитр амалҳои хайриявӣ дар манотиқи кишвар анҷом ёфта истодааст.

       Дар ин росто раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба аёдати собиқадори меҳнат Каримова Молиқоб рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар гардида, бо ӯ суҳбати самимӣ оростанд.