ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОӢ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-уми марти соли 2023 дар маркази Иммунопрофилактика бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, ва муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин вохӯрии судманд  баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуда, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

    Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва кишту кори баҳорӣ ибрози андеша карда шуда, аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ба шунавандагон муфассал сухарнронӣ карда шуд.

    Бо таклифи онҳо ташкилоти нави ибтидоӣ бо номи “Сино” таъсис дода шуд. Зубайдов Азизулло ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” интихоб гардид.