ПАНҶАРАБАНДИИ АТРОФИ БИНОИ МАЪМУРӢ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бояд қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванд бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани корхонаву маҳаллаи худ, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу берунӣ ва гирду атроф, нарм намудани заминҳо, дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри зебову хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро бояд гузорад.

     Аз ин рӯ, бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва  саҳми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бинои маъмурӣ панҷарабандӣ карда шуд.

    Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дастаҷаъмона ба ҳашар баромада, дар атрофи бинои маъмурӣ гулҳои баҳорӣ шинониданд.