НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРАК БОД!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 21-уми марти соли 2023 дар  тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Темурмалик чорабинии рангини наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Гуфта шуд, ки Наврӯзи байналмилалиро дар Тоҷикистон, ки Ватани аслии Наврӯз ва меросбарони Наврӯз мебошад, бо шукӯҳ ва риояи суннатҳои неки он таҷлил менамоянд.

Дар чорабинии мазкур ба чанде аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандон ва  ғолибони мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишӣ бо сипосномаҳои роҳбари Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан мукофотонида шуданд.

     Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва чанде ҳунармандони мардумӣ  ба базми наврӯзӣ ҳусни идона зам намуданд.