ТАҶЛИЛИ БОШУКЎҲИ НАВРЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИЛЧАҲИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми марти соли 2023  дар Ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик чорабинии рангини Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик Айниддин Аслиддин, раиси Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ Саймуҳидинзода С. иштирок ва суханронӣ намуданд, ва соҳибкорони ватанӣ, ки дар ободонии Ҷамоат саҳми муносиб доранд иштирок намуданд.

     Гуфта шуд, ки Наврӯзи байналмилалиро дар Тоҷикистон, ки Ватани аслии Наврӯз ва меросбарони Наврӯз мебошад, бо шукӯҳ ва риояи суннатҳои неки он таҷлил менамоянд.

     Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони маҳаллӣ ба базми наврӯзӣ ҳусни идона зам намуданд.