ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру роҳнамоиҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02.02.2023, №1/2-6, якҷоягӣ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва  муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон“ Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба гирду атрофи бинову гулгаштҳову гирду атрофи корхона, муассиса, марказҳои ноҳия дарахтони сояафканд шинонида шуд. “Ободии диёр мароми мост” шанбегӣ баргузор карда шуд.

    Ҳамчунин дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия низ чунин шанбегӣ ташкил карда шуд.