МУШКИЛОТИ ХАЛҚРО ОСОН КАРДАНД.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боздиди муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, cокинони ноҳияи Темурмалик аксияи ҳашарҳои дастаҷамъонаро оғоз намуданд.

    Бо дастгирии бевоситаи соҳибкорон ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони “Маҳаллаи №2”-b Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик рӯз аз рӯз шукуфон шуда истодааст. Репортажи навбатӣ аз гузаронидани хати об ба оромгоҳи маҳаллаи мазкур, ки масофаи 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад, аксбардорӣ шудааст.

    Дар ин амали хайр саҳми соҳибкор Рустам Ҳалимов ва раиси маҳалла Айниддин Саидов Мавриди зикр аст, ки тозаю озода нигоҳ доштани маҳалла ва бунёду пешрафти он ба ҳукми як анъана даромадааст ва мардум дастаҷамъона ин рӯзҳои офтобиро самаранок истифода бурда мушкилоти халқро осон карданд.