ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру роҳнамоиҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02.02.2023, №1/2-6, якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки волонтёрон сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи корхона, муассиса, марказҳои ноҳияро таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” шанбегӣ баргузор карда шуд.

Ҳамчунин дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия низ чунин шанбегӣ ташкил карда шуд.