ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру роҳнамоиҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02.02.2023, №1/2-6, якҷоягӣ бо иштироки муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ, ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи корхона, муассиса, марказҳои ноҳия таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” шанбегӣ баргузор карда шуд.

    Ҳамчунин дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия низ чунин шанбегӣ ташкил карда шуд.