ҲУНАРМАНДИ НОТАКРОРУ БЕНАЗИР!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, бобати марги Чиллахон Холов зодаи Ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон овозхони маънисаро, ки бо таронаҳои мардумӣ машҳуру маҳбуби ҳар хонадони тоҷик гардида буд, пас аз бемории тӯлонӣ дунёи фониро падруд гуфт, ба наздикону пайвандонаш тасаллият баён намуданд.

Даргузашти ин хунёгари нотакрор талафоти бузург барои санъату фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад.

Ҳамагон даст ба дуо бардорем, ки хонаи охирати марҳум бо дуоҳои мову Шумо пур аз нури илоҳи гардад. Ҷоятон биҳишти ҷовидон бошад!