ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН – ОМИЛИ ФАРОВОНӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боздиди муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, аз ниҳолҳои лимӯ, ки бар асари зимистони имсола зарари ҷиддӣ дидаанд.

    Бойназар Асадуллоев дар баробари корманди собиқадори шабакаи барқ буданаш боз яке аз деҳқонони пешқадами Ҷамоати шаҳраки Баҳмарӯди ноҳияи Темурмалик аст, ки пайваста ба заминҳои хоҷагиву наздиҳавлигӣ диққати ҷиддӣ дода, давоми сол  ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

Ӯ тайи якчанд соли охир ба парвариши лимӯ машғул буд ва маҳз ҳамин сол дар баробари бунёди гармхонаи нав, дарахтонаш меваи зиёд ба бор оварданд. Лекин, мутаассифона, зимистони имсола ба кори ин деҳқон зарари худро расонда, аллакай як миқдори лимонҳоро сард задааст.

    Дар ин росто Бойназар Асадуллоев бар он назар аст, ки чунин ҳолати кор набояд деҳқонон рӯҳафтода, шаванд балки барои зимистони оянда деҳқонон омодагии ҷиддӣ бинанд.