АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕД

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 28-уми январи соли 2023 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ, бо иштироки волонтёрон, эмомхатибон ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳи Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, ноҳия Темурмалик Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур дар дохил атрофи оромгоҳ дарахтони сояафканд шинонида шуда, ва навниҳолҳои оромгоҳро мулоим карда шуд.

СУРАТГУЗОРИШ   АЗ   РАФТИ   ЧОРАБИНӢ !