САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИИ НОҲИЯ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар чанд шабонарӯзи охир бинобар боришоти зиёди барф дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти зиёд дар миёни аҳолӣ гардид. Баҳри бартараф намудани ин мушкилиҳо кормандони ҳизбӣ камари ҳиммат баста, гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва роҳравҳои онро аз барфтӯдаҳо тоза намуданд. “Саҳм гузоштан дар ободонии ноҳия қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост!”