Паём – Роҳнамо

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо иштироки Амиршозода Толиб – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №53, Ҳасанзода Шералӣ – раиси ноҳияи Темурмалик ва Раҷабзода Маҳмадсаид – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вохӯрии судманд бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа гузаронида шуд.

     Амиршозода Толиб оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ироа гардида буд, бо шарҳу тавзеҳот ба диққати ҳозирин расонид.

Раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ вобаста ба ғамхории Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ суханронӣ намуданд.

      Раҷабзода Маҳмадсаид дар суханронии худ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёдшавии маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва нафақа, ки иқдоми навбатии ҳукумати мамлакат дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад, ба шунавандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.