БАРОИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта шанбегӣ дар шакли ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби фаъолони ҳизб ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки мувофиқи ин дастур амал намоянд. Дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и Ҷамоати деҳоти Кангуртӣ деҳаи Савда бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва иштироки дигар кормандону фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои ободиву тоза намудани муҳит ва таъмир ва азнавсозии сангдевори атрофи муассиса ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.