ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои молию пулӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои роҳбарият аз ҷониби аъзои Раёсат ва КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ ба 120 нафар тарбиятгирандагони Интернати давлатии наздимактабии Кангурт бо иштироки раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, туҳфаҳои солинавӣ ва аз ҷониби маъмурияти Интернат ба хонандагони аълохон сипосномаҳо супорида шуд.