АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 9 декабри соли ҷорӣ бо Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин тавассути волонтёрон ба аъзоёну ҷонибдорони Ҳизб, коргарони муассисаву ташкилотҳо, ронандагону роҳгузарон ва шаҳрвандони ноҳия Аксияи ҳизбӣ гузаронида шуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 10 декабр ҷашн гирифта мешавад Аксияи ҳизбӣ тақсим карда шуд.

Дар варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) Нақши ҲХДТ ва Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста маълумот дода шудааст.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо шаҳрвандон оид ба нақши калидӣ доштани ҲХДТ дар сохтори имрӯзаи давлатдории тоҷикон ёдоварӣ карда шуд.