БАРОИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва дар асоси Барқияи ҳукуматӣ аз 7 – уми октябри соли равон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта шанбегӣ дар шакли ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби фаъолони ҳизб ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки мувофиқи ин дастур амал намоянд. Дар ноҳияи Темурмалик низ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ ва дигар кормандону фаъолони ҳизбии ҷамоати деҳоти Кангурт, деҳаи савда барои ободиву тоза намудани муҳит ва атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 – и деҳаи савда шанбегии дастаҷамъона баргузор намуда, дигар корҳо низ амалӣ гардида истодаанд.