Мактаб-Интернати Кӯдакони Ятиму Бепарастори Танобчӣ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуда истодааст.

Дар толори мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Шукур Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ дарси соати сиёсӣ дар мавзӯҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳмиятнокии “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” ва нақши 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон дарсу суҳбатҳо гузаронида шуд. Дарси мазкур бо иштироки котиби ҷамоати деҳоти Танобчӣ, омӯзгорон ва мурабиён баргузор гардид.